Декабр 10, 2016 13:48 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз вазъи озодии баён дар ин кишвар

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон дар баёнияе аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар хостаанд, то ба тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳуқуқи инсон ва озодии баён амал кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, дар ин баёния, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар мунташир шуда, омадааст, тибқи гузоришҳои созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ, дар ду сол ахир вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шуда ва Тоҷикистон дар шохиси соли 2016 бо қарор гирифтан дар ҷойгоҳи 150-ум дар муқоиса бо соли қаблӣ 34 зина поин рафтааст.

Ба навишта ин ду ниҳоди расонаии Тоҷикистон, дар як соли охир дар ин кишвар чандин расона баста шуда, баъзе нашрияҳои дигар низ дар чунин як вазъ қарор гирифтаанд ва беш аз 10 рӯзноманигор Тоҷикистонро тарк кардааст. Дар баёнияи ин созмонҳо ҳамчунин гуфта мешавад, чунин вазъ нишондиҳандаи набудани шароити сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои фаъолияти фазои озоди расонаӣ аст ва ин дар ҳолест, ки моддаи 30-и Қонуни Асосии Тоҷикистон озодии баёну матбуот ва ҳаққи истифода аз расонаҳоро барои ҳар фард ба расмият шинохтааст.

Дар поён аз Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии муқими ин кишвар хоста шудааст, то тааҳҳудоту вазоифи худро дар қиболи озодии баён ва ҳуқуқи инсон иҷро кунанд ва ба Конвенсияи ҳуқуқ башар ва муқаррароти байналамилалию дохилӣ пойбанд бошанд.