Ноябр 21, 2022 18:49 Asia/Dushanbe
  • Раҳмонов пирузии Тоқаев дар интихоботи Қазоқистонро табрик гуфт
    Раҳмонов пирузии Тоқаев дар интихоботи Қазоқистонро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як тамоси телефонӣ пирузии Тоқаев дар интихоботи зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Қазоқистонро табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як тамоси телефонӣ пирузии Тоқаев дар интихоби зудҳангоми раёсати Ҷумҳурии Қазоқистонро табрик гуфт.

Тоқаев ва Раҳмонов ҳамчунин дар мавриди равобити дуҷониба миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон табодули назар ва бар омодагии мутақобил ҷиҳати тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳо таъкид карданд.

Ҳамчунин ду тараф дар хусуси бархе аз мавзуъоти муҳими дастури кори байналмиллалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Раҳмонов ва Тоқаев дар робита ба барномаи таҷлил аз сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатик миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар моҳи январи соли 2023 суҳбат карданд.

Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҳамтои тоҷики худ даъват кард, ки дар замони барояш муносиба ба таври расми аз Остона боздид кунад.

Шоёни зикр аст, ки бар асоси эъломи комисяи марказии интихоботи Қазоқистон Қосим Жормат Тоқаев бо касби 81.31 дарсад рай бори дигар раиси ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд.

 

Барчасп