Баргузории тамриноти муштараки зиддӣ террористии Тоҷикистон ва Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i94486-Баргузории_тамриноти_муштараки_зиддӣ_террористии_Тоҷикистон_ва_Чин
Мақомоти Тоҷикистон ва Чин мувофиқатномаеро имзо карданд, ки бар асоси он дукишвар бояд ҳаддиақал соле як маротиба тамриноти муштараки зиддӣ террористӣ баргузор кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 23, 2022 10:27 Asia/Dushanbe
  • Тибқи матни ин тавофуқнома, дутараф бояд ҳаддиақал соле якбор размоиш баргузор кунанд
    Тибқи матни ин тавофуқнома, дутараф бояд ҳаддиақал соле якбор размоиш баргузор кунанд

Мақомоти Тоҷикистон ва Чин мувофиқатномаеро имзо карданд, ки бар асоси он дукишвар бояд ҳаддиақал соле як маротиба тамриноти муштараки зиддӣ террористӣ баргузор кунанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар матни ин тафовуқнома, ки дар вебсайти иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати  додгустарии Тоҷикистон мунташир шудааст, ҳадаф аз ин тамринот тақвияти тавсиаи бештари мушорикати ҷомеъи роҳбӯрди байни дукишвар унвон шудааст.

Афзоиши сатҳи ҳамоҳанги байни органҳои фармондеҳи ва кантроли ягонҳои вижаи зиддӣ террористӣ, сатҳи таъомули ягонҳои вижа, омӯзиш ва маҳоратҳои текникии ягони вижаи дукишвар, аз дигар аҳдофи тамриноти муштараки Тоҷикистон ва Чин эълом шудааст.

Вазорати кишвари Тоҷикистон муазаф шуда ба намояндаги аз давлати кишвараш мувофиқатнома бо Чинро  ба имзо расонад. Ҳамчунин ниҳодҳои мазкур дар сурати лузум маҷоз аст тағирот ва изофотеро дар матни санади мазкур воридҳкунад.

Тибқи матни ин тавофуқнома, дутараф бояд ҳаддиақал соле якбор размоиш баргузор кунанд. Тарафи мубтакир на каматар аз шаш моҳ то оғози тамринот муазаф ба муттолеъасозии тарафи муқобил дар мавриди он аст. Замон, маҳал, мавзӯъ, тартиб ва соири масоъили марбут ба баргузориии тамринот тавассути дутараф ҳамоҳанг мешавад.

Бештар бихонед: