Баргузории рӯзҳои фараҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон
(last modified Wed, 23 Nov 2022 06:31:59 GMT )
Ноябр 23, 2022 11:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати 80 нафара бо сарпарастии Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ҳамин муносибат аз Туркманистн боздид карданд
    Ҳайати 80 нафара бо сарпарастии Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ҳамин муносибат аз Туркманистн боздид карданд

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон дар ҳоли баргузори аст.

Ба гузориши Садои Хуросон барномаҳои фарҳангии Тоҷикистон аз 22-уми ноябр оғоз ва ба муддати чаҳор рӯз идома дорад.

Ҳайати 80 нафара бо сарпарастии Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон ба ҳамин муносибат аз Туркманистн боздид карданд.

Дар идомаи рӯзҳои фарҳангӣ, дидори вазири фарҳанги Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи кансерти, намоиши либосҳои милли, саноъеи дастӣ, ҳунарҳои мардумӣ, саноъеи акосӣ ва намоишгои акс ва манзараҳои зебои Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бештар бихонед: