Декабр 04, 2022 13:23 Asia/Dushanbe
  • Интишори маҷмуъи аз ашъори Рустам Ваҳобзода
    Интишори маҷмуъи аз ашъори Рустам Ваҳобзода

Маҷмуъаи ҷадиди ашъори Рустам Ваҳобзода шоири тоҷик мунташир шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маҷмуъаи шеъри ҷадиди Рустам шоири тавонманди тоҷик бо номи "Қалами ишқ" ба дасти дустдорони адабиёт расид.

Интишороти адиби Тоҷикистон маҷмуъаи шеърро чоп ва мунташир кардааст.

Шоири номдори Тоҷикистон дар бораи китоби ҷадид навиштааст: Бештари ашъори маҷмуъаҳои қаблии ин китоб дубора вироиш ва ислоҳ шуд ва матни ҷадиди ба хонанда ироа шудааст.

Меҳвари мавзуъи ин маҷмуъаи таҷлили аз арзишҳои волои маънавӣ ва инсонӣ, тавсиф ва таҳлили ҳунармандонаи муҳимтарин падидаҳо ва масоили замонавӣ, суруди ишқ ва муқарароти милли ва инсони аст.

Рустам Ваҳобзода яке аз машҳуртарин чеҳраҳои илми ва адаби Тоҷикистон ва соҳиби даҳҳо китоб ва маҷмуъаи шеър, осори пажуҳишӣ дар заминаи забон ва адабиёти тоҷики аст.

Ӯ шоири мардумии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи адаби ба номи Мирзо Турсунзода ва дар ҳоли ҳозир сардабири маҷалаи адабии Садои Шарқ аст.

 

Барчасп