Нокомии «Ҷашни Меҳргон» ва «Рубоб» барои сабт дар мероси ЮНЕСКО
Ду парвандаи «Ҷашни Меҳргон» ва «мусиқии Рубоб», ки муштарак аз сӯи Эрон, Тоҷикистону Узбекистон ба ЮНЕСКО муаррифӣ шуда буданд, аз вуруд ба феҳристи ҷаҳонии мероси номалмӯс(ғайримодди)-и ЮНЕСКО бозмонданд.
Ҳафдаҳумин нишасти Кумитаи байни давлатҳои посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс дар шаҳри Работи Марокаш аз ҳафтуми озармоҳ оғоз шуд ва то шанбе, давоздаҳуми озармоҳ идома дошт.
Дар ин давра аз иҷлос, 46 унсур барои сабт дар феҳристи муаррифии мероси фарҳангии номалмӯси башарият номзад шуданд, ки аз Эрон низ шаш парвандаи муштарак ё чандмиллиятӣ бо унвони « Ялдо/чилла» (дар ҳамкорӣ бо Афғонистон), « ҳунари сохтан ва навохтани уд» (муштарак бо Сурия), «ҳунари сохтан ва навохтани рубоб» (муштарак бо Тоҷикистону Узбекистон), «Ҷашни Меҳргон» (муштарак бо Тоҷикистон), «сӯзандузии туркман» (муштарак бо Туркманистон) ва «парвариши кирми абрешиму тавлиди суннатии абрешим барои бофандагӣ» (муштарак бо Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистону Узбекистон) пешниҳод шуда буд, ки аз миёни онҳо чаҳор унсур, муҳри таъйиди ЮНЕСКО-ро гирифтанд.
«Шаби Ялдо», «ҳунари сохтан ва навохтани сози уд», «сӯзандузии туркман» (туркмании дузӣ) ва «парвариши кирми абрешиму тавлиди суннатии абрешим барои бофандагӣ», чаҳор парвандаи мушорикатии Эрон буданд, ки ба феҳристи ҷаҳонии мероси номалмуси ЮНЕСКО роҳ пайдо карданд, дар ҳоле, ки ду парвандаи дигари «Ҷашни Меҳргон» ва «ҳунари сохтан ва навохтани сози рубоб» аз вуруд ба ин феҳрист ноком монданд ва дар ҳафдаҳумин нишасти Кумитаи байни давлатҳои посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмӯс пазируфта нашуданд.
Мустафо Пуралӣ, мудири кулли сабту ҳарими осору ҳифзу эҳёи мероси маънавӣ ва табиии, ки дар нишасти Марокаш ҳузур дошт, таъйид кард, ки «ин ду парванда «рефер» шудаанд. Дар воқеъ, ЮНЕСКО вақте парвандаеро рефер мекунад ё баргашт медиҳад, ин фурсатро ба кишварҳо медиҳад як бори дигар онро ислоҳ кунанд то дар иҷлоси баъдӣ дубора матраҳ шавад.
Парвандаи «Ҷашни Меҳргон», ки муштарак байни Эрону Тоҷикистон таҳия шуда, нахустин бор нест, ки рефер мешавад, Эрон тирамоҳи соли 1399 дар понздаҳумин нишасти кумитаи байни далатҳои мероси фарҳангии номалмӯс, ки ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд, ҷашни Меҳргонро муштарак бо Тоҷикистон барои сабт ба ЮНЕСКО муаррифӣ карда буд, аммо дар он давра ҳам рефер шуд.
Агарчӣ Эрон ин парвандаро дар соли 1400 ислоҳ ва як бори дигар ба ЮНЕСКО фиристод то дар ҳафдаҳумин кумитаи посдорӣ аз мероси номалмӯс дубора ба раъй гузошта шавад , аммо ин бор ҳам ба пешниҳоди коршиноси ЮНЕСКО, парвандаи муштараки Эрону Тоҷикистон бо унвони «Ҷашни Меҳргон», рефер шуд.
Эрон дар парвандаи Ҷашни Меҳргон, ки дар вебсайти ЮНЕСКО ба иштирок гузошта шуда, ишора кардааст, ки густараи ҷуғрофиёии ин унсур дар манотиқи рустоии шимоли Эрон, бавижа дар устонҳои Гилон, Мозандарону Гулистон ва иҷтимооти мутааллиқ ба Зардуштиён дар устонҳои Теҳрон, Язд, Форс, Кирмон, Систон ва Балӯчистон, Албурз ва Хузистон аст.