Декабр 06, 2022 15:27 Asia/Dushanbe
  • Вазири энержии Тоҷикистон матраҳ кард ; баҳрамандӣ аз ширкатҳои эронӣ барои коҳиши талафоти энержии Тоҷикистон

Далер Ҷумъа гуфт : Бояд аз таҷрибаи ширкатҳои эронӣ ба манзури коҳиши талафоти энержии барқ дар Тоҷикистон баҳра бибарем .

 Вазири энержӣ ва захоири обии Тоҷикистон дар боздид аз ширкати МПНО гуфт : Мо метавонем аз таҷрибаву кумаки ширкатҳои Эрон дар заминаи коҳиши мизони талафоти энержӣ баҳра бибарем, ки яке аз мушкилоти асосии санъати барқ дар кишвар мо аст .
Ӯ мегуяд : Тоҷикистон дар заминаи манобеи энержии об дар ҷаҳон дар рутбаи 6 қарор дорад ва бо таваҷҷуҳ ба потансиели фаннӣ - муҳандисии Эрон лозим аст аз ин зарфият барои эҷоди нерӯгоҳҳои обӣ- барқӣ истифода шавад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Далери Ҷумъа бо таъкид бар зарурати риояти стандартҳои байналмиллалӣ дар тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои хусӯсии хориҷӣ гуфт : Ширкатҳои эронии санъати обу барқ дар гузашта нишон додаанд, ки аз тавонмандии болое бархурдор ҳастанд ва умедворем бо заминаҳои, ки фароҳам хоҳад шуд дар оянда низ битавонанд зимни ҳифзи сатҳи рақобатпазирии ҳузури фаъоле дар кишвари мо дошта бошанд .
Ӯ бо ишора ба наздикии фарҳангӣ ва таҷориби муваффақи гузашта дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронӣ афзуд : Афзоиши сатҳи ҳамкориҳо бо ширкатҳои эронӣ барои мо бисёр муҳим аст ва омодаи ҳаргунаи тавсеаи ҳамкориҳо ҳастем .

Бештар бихонед :

 

Барчасп