Поёни иҷлоси комисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон
(last modified Tue, 06 Dec 2022 14:30:31 GMT )
Декабр 06, 2022 19:30 Asia/Dushanbe
  • Поёни иҷлоси комисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон
    Поёни иҷлоси комисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон

Маросими ихтитомияи поздаҳумин иҷлоси комисяи ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он ҳашт ҷонишин ва муъовини вазири эронӣ ва тоҷикистонӣ ҳузур доштанд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин маросим як тавофуқнома бо мавзуъоти иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳамлу нақл, энержӣ ва муҳити зист ба имзои ҳарду тараф расид.

Вазири неруи Эрон пас аз имзои ин тавофуқнома дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: Ин тавофуқнома муқадимаи рушди равобити тиҷорӣ байни ду кишвар мебошад, ки ҳамакнун мизони он 300 миллион доллар аст.

Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст аз омодагии кишвараш барои рушди тиҷорат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамаи заминаҳо ба вижа мафоди ин тавофуқнома хабар дод.

Гуфтани аст ин тавофуқнома дар ростои таҳаққуқ барои шаш тавсиъа ва фаъол шудани дипломосии иқтисодӣ сурат гирифта аст.