Декабр 08, 2022 20:38 Asia/Dushanbe
  • Рақобати ҷудукорони Тоҷикистон барои касби муҷаввизи олимпии 2024

Варзишкорони Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии ҷуду(дзюдо)и “ Masters — 2022 ”, ки рӯзҳои 20 то 22 декабр баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард .

Ба гузориши Ховар, дар ин мусобиқот тими миллии Тоҷикистон бо 3 варзишкори саршинос Нуралии Эмомалӣ дар вазни 66 килограм, Комроншои Устопириён дар вазни 90 килограм ва Темур Раҳимов дар вазни 100 +и килограм ҳузур хоҳад дошт .

Ширкаткунандагони ин мусобиқот на танҳо барои касби медалу ҷавоизи нақдӣ, балки барои касби имтиёзи арзишманд – касби муҷаввизи олимпии 2024 Порис ба рақобат хоҳанд пардохт .

Имсол 314 варзишкор аз 55 кишвари ҷаҳон ба мусобиқоти Мастерз роҳ ёфтаанд . Ҷудукорон ҳар вазн бо тавваҷуҳ ба ҷойгоҳе ки дар радабандии ҷаҳонӣ доранд, ба рақобат мепардозанд .
 

 

Барчасп