Рушди 190 дарсадии тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон
Сухангуи гумруки Эрон аз рушди 190 дарсадии тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон хабар дод.
Сайдмуртазо Имодӣ, сухангуи гумруки Эрон гуфт: Тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон дар 8 моҳи аввали имсол 1401 ба беш аз 140 миллион доллар расид, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 1400, 151 дарсад дар вазн ва 190 дарсад дар арзиш рушд дошт.
Маводи петрушими, пашмишиша (стеклават), анвоъи хушкбор, анвоъи хуроки обзоён, маҳсулоти кишварзӣ ва боғбони аз ҷумла колоҳои содиршуда аз Эрон ба Тоҷикистон буданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангуи гумруки Эрон афзуд: Ҳаҷми кулли мубодилоти тиҷории Эрон бо Тоҷикистон дар 8 моҳаи соли 1401 аз ҷиҳати вазни 146 ҳазору 531 тонна коло ва аз ҷиҳати арзиши ба 140 миллиону 498 ҳазору 455 доллар расид.
Имоди ҳамчунин гуфт: Кулли мубодилоти тиҷории ҳаштмоҳаи соли ҷорӣ дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл аз лиҳози вазни 151 дарсад ва аз лиҳози арзиши 190 дарсад афзоиш дошт.
Сухангуи гумрук ҳамчунин гуфт: Мизони содироти колоҳои эронӣ ба мақсади Тоҷикистон аз ҷиҳати вазн 130 ҳазору 69 тонна коло ба арзиши 93 миллион садҳазору 826 доллар буда аст.