Декабр 13, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон ба Покистон сафар мекунад

Дафтари раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард раиси ҷумҳӯри ин кишвар фардо чаҳоршанбе дар чорчӯби як сафари расмӣ ба Исломобод сафар мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 декабр дар чорчӯби як сафари расмӣ аз Покистон боздид мекунад.
Раҳмон дар чорчӯби ин сафари расмӣ бо нахуствазиру мақомоти маҷлиси Сенати Покистон дидору гуфтугу мекунад.
Ду тараф чашмандози ҳамкории байни ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ дар бахши энержӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангро баррасӣ мекунанд.
Дар ҷараёни ин дидорҳо баррасии амният дар минтақа ба вижа вазъият дар Афғонистон барномарезӣ шудааст .
Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон пеш аз ин дар моҳи июни соли гузашта аз Покистон боздид карда буд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп