Оғози даҳумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” дар пойтахти Тоҷикистон
Имрӯз ба ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони Театри давлатии академии опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ, даҳумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” баргузор шуд ва ин намоишгоҳ ноширони дохиливу хориҷиро гирди ҳам овард.
Ба гузориши “Ховар”,Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳияи ин намоишгоҳи байналмилалӣ - китобро муҳимтарин дастоварди ҷомеаи башарӣ хонд ва баён кард, ки аз оғози таърих то ба имрӯз китоб аст, ки таърихи ҳар қавму миллатро аз насле ба насли дигар интиқол медиҳаду забони миллиро ташаккул медиҳад ва онро аз махлутшавӣ ҳифз мекунад.
Дар ин намоишгоҳ ноширони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Туркия, Беларус, Эрон ва Қазоқистон ширкат карданду китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд.