Таъкиди вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Русия бар густариши равобити дуҷониба
Декабр 15, 2022 11:57 Asia/Dushanbe
Вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Русия дар тамоси телефонӣ бо якдигар, бар густарши равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.
Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 13 декабри соли ҷории милодӣ бо ташаббуси ҷониби Русия гуфтугӯи телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Русия Сергей Лавров баргузор гардид.
Вазирон масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатиро баррасӣ намуданд.
Дар рафти суҳбат мубодилаи афкор атрофи ҳамкории ду кишвар дар доираи СҲШ, СААД ва дигар созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
Гуфтугӯ дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.