Муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, ин бор ба иттиҳоми тавҳин ба додгоҳ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9568-Муҳокимаи_дубораи_Бузургмеҳр_Ёров_ин_бор_ба_иттиҳоми_тавҳин_ба_додгоҳ
Додгоҳи муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, вакил мудофеи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ имрӯз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 12, 2016 08:29 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, ин бор ба иттиҳоми тавҳин ба додгоҳ

Додгоҳи муҳокимаи дубораи Бузургмеҳр Ёров, вакил мудофеи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ имрӯз дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.

Ба иттилои Toptj, Муаззам Қодирова, вакил мудофеи Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки нахустин ҷаласаи муҳокимаи зерҳимояаш ба иттиҳоми тавҳин ба додгоҳи қаблӣ ва таҳқири намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз баргузор мешавад.      

Мақомоти қазоии Тоҷикистон тибқи шикояти Рустам Тақдирзода, додситони парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ду вакили мудофеи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии ин кишвар муддаӣ шудаанд, ки дар охирин ҷаласаи муҳокимаи онон дар додгоҳи Душанбе, Ёров алайҳи намояндаи додситонӣ ва қозӣ ҳарфҳои тавҳиномез задааст.        

Бузургмеҳр Ёров авохири сентябри соли 2015 ва баъди онки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз сӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд. Аммо чанде баъд мақомоти амниятии Тоҷикистон алайҳи вай ба иттиҳоми ифротгарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ ва даъват ба барандозии низоми сиёсии ин кишвар парвандаи ҷиноӣ ташкил доданд.

Дар паи боздошти Ёров, Нуриддин Маҳкамов ваколати ӯро бар уҳда гирифт, аммо ӯ низ пас аз чанде ба иттиҳомоти мушобеҳ боздошт шуд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри имсол ин ду вакили мудофеъро ба иттиҳоми ифротгарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ, тавҳин ба раисҷумҳур ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон ба 23 ва 21 сол зиндон маҳкум кард.