Декабр 12, 2016 12:28 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли дафни партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон қувват гирифт  

Дар паи баррасии мавзуи зарурати коҳиши паёмадҳои зистмуҳитии партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон бо мушорикати намояндагони Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, умедҳо ба дафн ва беасарсозии ин партовҳо афзоиш ёфтааст.        

Ба иттилои сайти Фарғона, дар ин дидор Русия мутааҳҳид шудааст, ки барои коҳиши паёмадҳои зистмуҳитии партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон як миллиарду 156 миллион рубл ихтисос диҳад.    

Ҳамчунин Қазоқистон барои иҷроӣ шудани барномаи коҳиши паёмадҳои зистмуҳитии партовҳои ҳастаӣ дар Тоҷикистон то соли 2018 ба ин кишвар кумаки молӣ хоҳад кард.    

Ба гуфтаи Ҷовид Мирсаидов, раиси Агентии амнияти ҳастаии Тоҷикистон вобаста ба Академияи улуми ин кишвар, дар беш аз 50 сол фаъолияти корхонаи тасфияи маъдани уран дар даврони Шӯравӣ дар ҳумаи шаҳри Хуҷанд, дар қаламрави 6 ноҳияи вилояти Суғд наздик ба 55 миллион тонна партови ҳастаӣ дафн шуда, ки метавонад ба муҳити зисти ин вилоят ва саломатии шаҳрвандони хисороти зиёде ворид кунад.  

Тибқи ин гузориш, дар солҳои ахир бино бар эъломи мақомоти беҳдоштӣ, афзоиши теъдоди афроди мубтало ба маризии саратони хун дар бархе аз рустоҳои наздик ба маконҳои дафни партовҳои ҳастаӣ дар навоҳии вилояти Суғд мушоҳида мешавад.     

Партовҳои ҳастаӣ, ки аз даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондааст, дар сурати бурузи ҳаводиси пешбинӣ нашуда мисли сел, зилзила ва рониши замин метавонад хисоратҳои сангине ба саломатии шаҳрвандон ва муҳити зисти ин кишвар ворид кунад.      

 

Барчасп