Декабр 20, 2022 13:00 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз судури барқ 103 миллион доллар даромад касб кард

Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 103 миллион доллар аз ибтидои соли гузашта то кунун даромад касб кард, ки 10 дарсад бештар аз мушобеҳи соли гузашта аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз идораи омори раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин кишвар дар 11 моҳи гузашта беш аз 103 миллион доллар аз содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя даромад доштааст, ки 10.3 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузаштааст.

 Бар асоси ин гузориш умдатарин кишварҳои воридкунандаи барқи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ Афғонистон ва Узбакистон будаанд.

  Тоҷикистон дар паи ирсоли барқи тавлидии худ ба кишварҳои дигари минтақа азҷмла Қирғизистон ва Қазоқистон аст.

 Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳибмақом дар манобеъ ва захоири об дар минтақа ва ҷаҳон аст ва бар асоси гузориши Вазорати энергӣ ва саноеъи Тоҷикистон ин кишвари 10 миллион нафарӣ бо 143 ҳазор километр мураббаъ масоҳат, 64 дарсад манобеъи обии Осиёи марказиро дар ихтиёр дорад ва аз ин назар дар ҷаҳон, дорои мақоми шашум аст.

  Тоҷикистон бо мавқеияти вежаи ҷуғрофиёӣ ва воқеъ шудан дар минтақаи кӯҳистонӣ метавонад ба унвони манбаъи энергӣ ва тавлиди барқи минтақа бошад.

Ин кишвар барои баҳрабардорӣ аз ин манобеъи муҳимми энергии барқи обӣ борҳо аз маҷомеъи байналамллӣ ва кишварҳои минтақа дархости ҳимоят кардааст.

 

 бештар бихонед :

 

Барчасп