Декабр 21, 2022 21:18 Asia/Dushanbe
  • Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон
    Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон

Тавсеаи равобити фарҳангии дуҷониба байни Тоҷикистону Русия дар соли 2023 дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар таърихи 21 декабр Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Семён Григориев, сафири фавқулода ва томулихтиёри Русия дар Тоҷикистон чашмандози тавсеаи равобити фарҳангии дуҷониба дар соли 2023-ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Семён Григориев аз мавзеи фаъоли Вазорати фарҳанг дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои башардӯстона бо Русия, ки яке аз авлавиятҳои равобит дуҷониба аст, қадрдонӣ кард.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон низ дар навбати худ дар мавриди пружаҳои муштараки бомуваффақият иҷрошудаи ду кишвар дар соли ҷорӣ, бавижа рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия ва ҳамоишҳои фарҳангии Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе суҳбат кард.

 

Барчасп