Декабр 22, 2022 11:17 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар мекунад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ) Русия сафар мекунад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз фурупошии Шуравӣ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато тавассути раҳбарони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистону Украина имзо шуд. Беш аз 70 дарсади буҷети ИДМ тавассути Русия пардохт мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26 - 27 декабр ба манзури ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ба Русия сафар мекунад.

Қаблан раҳбари Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар Минск ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки омодагиҳо дар ин самт идома дорад.

Нишасти қаблии сарони кишварҳои ИДМ дар таърихи 7 октябр ҳамчунин ба мизбонии Русия дар Санкт Петербург баргузор шуда буд.

 

Барчасп