Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи Созмони Миллал
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i95876-Дидори_вазири_хориҷаи_Тоҷикистон_бо_намояндаи_Созмони_Миллал
Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи доими Барномаи ободонии Миллали Муттаҳид дар Душанбе дидору гуфтугу кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 22, 2022 20:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи Созмони Миллал

Вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон бо намояндаи доими Барномаи ободонии Миллали Муттаҳид дар Душанбе дидору гуфтугу кард .

Барномаи ободонии Созмони Миллали Муттаҳид аз декабри соли 1993 дар хоки Тоҷикистон фаъолият мекунад .
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо Ленни Монтиел-намояндаи доими Барномаи ободонии Созмони Миллали Муттаҳид вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мутақобили судманди байни ду тараф баррасӣ шуд .
Тибқи ин гузориш иҷрои пружаҳо дар хоки Тоҷикистон низ аз дигар мавзӯъоти мавриди баҳси ду тараф ба шумор меравад .
Иҷрои ҷанбаҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаи ҳамкории СММ бо давлати Тоҷикистон қабл аз ҳама аз тариқи намояндаи барномаи ободонии ин созмон дар ин кишвар сурат мегирад .