Декабр 29, 2022 20:25 Asia/Dushanbe
  • Озмӯни беҳтарин ширкати туристӣ дар Душанбе баргузор мешавад

Озмӯни “ Беҳтарин ширкати туристӣ дар Душанбе ” дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад

Барои касби мақоми нахуст 15 ҳазор сомонӣ, мақоми дувум – 10 ҳазор сомонӣ ва мақоми сеюм – 5 ҳазор сомонӣ таъин шудааст .
Ба гузориши Ховар, ширкатҳои гардишгарии фаъол дар шаҳри Душанбе метавонанд дар ин озмӯн ширкат кунанд. Ширкаткунандагони озмӯн метавонанд иттилооти такмилӣ дар мавриди дастовардҳои худ ва ҳамчунин диплому ҷавоиз, ифтихорномаҳои намоишгоҳҳо ва рӯйдодҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ ироа диҳанд .
 

 

Барчасп