Дархости Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон барои озодии рӯзноманигори тоҷик
Декабр 31, 2022 21:33 Asia/Dushanbe
Кумитаи ҳифозат аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хост, Пирмуҳаммадзодаро озод кунанд.
Кумитаи ҳифозат аз журналистҳо аз ҳукми рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода интиқод карду хоҳони озодии ӯ шуд.
Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, Гулнозаи Сайид, ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз журналистон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт: «Муҳокимаи додгоҳии Пирмуҳаммадзода ба мисли муҳокимаи панҷ журналисти дигар пӯшида ҷараён гирифт».
Пирмуҳаммадзода рӯзи 26 - декабр дар муҳокимаи пушти дарҳои баста ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш гуфтаанд, додрас ӯро ба ҳамкорӣ бо созмони мамнуъ муттаҳам кард. Худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро бепоя номидаанд.