Январ 01, 2023 22:10 Asia/Dushanbe
  •  Русия дар байни тимҳои бартари Осиё қарор хоҳад гирифт

Муовини раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон муътақид аст, Русия дар сурати пайвастан ба Конфедератсияи Футболи Осиё (AFC) дар ҷамъи тимҳои бартари ин қора қарор мегирад.

Алишер Урунов ба шабакаи телевизионии «MATCH TV»-и Русия гуфт: «Русия тиме аст, ки дар ҷамъи тимҳои бартари қораи Осиё қарор мегирад. Ин мавзуъ ғайриқобили инкор аст ва рақобат байни тимҳои миллӣ ва мусобиқоти бошгоҳии Осиё афзоиш хоҳад ёфт. Барои тимҳои бартари Осиё як рақиби дигар вуҷуд хоҳад дошт».

Дар поёни моҳи феврал ЮФА ва Федератсияи Ҷаҳонии Футбол (ФИФА) тимҳои миллӣ ва бошгоҳҳои русиро аз ширкат дар мусобиқоти худ ба далели вазъияти Украина маҳрум карданд.

 

Барчасп