Январ 04, 2023 21:09 Asia/Dushanbe
  • Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
    Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

25 навҷавони мутаваллиди солҳои 2010 - 2011 аз нуқоти мухталифи кишвар аз 2 январ дар бошгоҳи ҷудо (дзюдо) - и Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, тибқи дастури Исмоил Муҳаммадзоир, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ин тамринот зери назари Дейвид Габаидзе, коршиноси хориҷӣ, ки маҳоратҳои мураббигарии хубе дорад, анҷом мешавад.

Дар ин росто ҷудокорони ҷавону боистеъдод шиносоӣ шуда ва барои ҳузур дар мусобиқоти байналмилалӣ омода мешаванд.

 

Барчасп