Боздиди фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари Кувайт аз маконҳои истироҳатии Тоҷикистон
Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари Кувайт аз маконҳои ҷолиби Тоҷикистон дидан карданд .
Кумитаи тавсеаи гардишгарии зери назари давлати Тоҷикистон тури омӯзиширо барои фаъолони шабакаи иҷтимоии кувайтӣ, ки дар ифтитоҳи аввалин масири Алкувайт – Душанбе – Алкувайт ба Тоҷикистон омада буданд, тартиб дод то аз маконҳои диданӣ боздид кунанд .
Фаъолони шабакаҳои иҷтимои давлати Кувайт дар дидор бо Тоҷиддин Ҷуразода, раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарӣ ба таври васеъ бардоштҳои худро аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ва ширкатҳои гардишгарии дохилӣ баён карданд .
Баррасӣ ва афзоиши зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои кувайтӣ аз аҳдофи аслии сафари ин ҳайат аст .
Дар ин дидор намояндагони ширкатҳои гардишгарии дохилии Тоҷикистон барномаҳои худро барои эҷоди ҳамкориҳои бештар ироа карданд .