Боздиди фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари Кувайт аз маконҳои истироҳатии Тоҷикистон
(last modified Thu, 05 Jan 2023 15:36:47 GMT )
Январ 05, 2023 20:36 Asia/Dushanbe
  • Боздиди фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари Кувайт аз маконҳои истироҳатии Тоҷикистон

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишвари Кувайт аз маконҳои ҷолиби Тоҷикистон дидан карданд .

Кумитаи тавсеаи гардишгарии зери назари давлати Тоҷикистон тури омӯзиширо барои фаъолони шабакаи иҷтимоии кувайтӣ, ки дар ифтитоҳи аввалин масири Алкувайт – Душанбе – Алкувайт ба Тоҷикистон омада буданд, тартиб дод то аз маконҳои диданӣ боздид кунанд .
Фаъолони шабакаҳои иҷтимои давлати Кувайт дар дидор бо Тоҷиддин Ҷуразода, раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарӣ ба таври васеъ бардоштҳои худро аз ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон ва ширкатҳои гардишгарии дохилӣ баён карданд .
Баррасӣ ва афзоиши зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои кувайтӣ аз аҳдофи аслии сафари ин ҳайат аст .
Дар ин дидор намояндагони ширкатҳои гардишгарии дохилии Тоҷикистон барномаҳои худро барои эҷоди ҳамкориҳои бештар ироа карданд .