Танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Оё подармиёнии Маскав роҳгушост?
Коршиноси сиёсии рус муътақид аст, ихтилофоти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон бо вуҷӯди подармиёнии раисиҷумҳури Русия ҳамчунон идома хоҳад дошт.
Ихтилофоти марзӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз истиқлол, яке аз далоили умдаи даргирӣ байни ин кишварҳо будааст ҳарчанд бархе аз ин кишварҳо ин ихтилофотро ба андак расонда ва бархе ҳам ба тавофуқоти ниҳоӣ расидаанд.
Дар ин байн ду ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон дар солҳои ахир даргириҳои шадид дар манотиқи марзӣ доштаанд, ки боиси кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз неруҳои низомӣ ва ғайри низомии ду тараф шудааст.
Аммо ахиран ва пас аз идомаи ин даргирҳо раисиҷумҳури Русия хостори таваққуфи ин даргирӣ ва ҳали ихтилофоти фимобайн шудааст дар ҳамин замина бархе таҳлилгарон вуруди Русияро поёни ин даргириҳо медонанд ва бархе дигар назари мухолифи инро доранд.
Аркадий Дубнов, коршиноси масоили сиёсии минтақа дар матлабе ба ин мавзӯ пардохтааст.
Вай муътақид аст, тардид дорам, Русия битавонад «ҳамсоягони оштинопазир»-и тоҷикҳо ва қирғизҳоро оштӣ диҳад.
Дубнов изҳор дошт, Қирғизистону Тоҷикистон танҳо дар соли ҷорӣ панҷ бор вориди ҷангҳои марзии кутоҳи муддат, аммо хунин бо якдигар шудаанд.
Ба гуфтаи вай, Путин мехоҳад, иқдомоти сулҳбонии худро ба раисиҷумҳури Қирғизистон, Содири Ҷабборов ва раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ироа диҳад. Бо дар назар гирифтани вазъияте, ки Русия дар ҳоли ҳозир дар он қарор дорад, албатта бояд хушбин буд ва интизори муваффақияти ин мавзӯро дошт.
Ин коршиноси масоили сиёсӣ хотирнишон кард, ин ҷоиза боис шуд, Ҷабборов барои солгарди Путин ба Санкт Петербург сафар накунад ва чанд рӯз баъд Бишкек аз баргузории размоиши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қирғизистон дар соли 2022 худдорӣ кард.