Эрон ва Покистон - ҳампаймонони минтақаӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ ва ваҳдати исломӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122782-Эрон_ва_Покистон_ҳампаймонони_минтақаӣ_барои_сулҳи_ҷаҳонӣ_ва_ваҳдати_исломӣ
Порс-Тудей. Дар дидоре расмӣ дар Исломобод, нахуствазири Покистон ва раиси Маҷлиси Эрон бар тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ, муқобила бо терроризм ва талоши муштарак барои ваҳдати уммати исломӣ ва сулҳи ҷаҳонӣ таъкид карданд.
(last modified 2025-11-09T06:12:45+00:00 )
Ноябр 07, 2025 18:21 Asia/Dushanbe
  • Шаҳбози Шариф, нахуствазири Покистон дар дидор бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон
    Шаҳбози Шариф, нахуствазири Покистон дар дидор бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон

Порс-Тудей. Дар дидоре расмӣ дар Исломобод, нахуствазири Покистон ва раиси Маҷлиси Эрон бар тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ, муқобила бо терроризм ва талоши муштарак барои ваҳдати уммати исломӣ ва сулҳи ҷаҳонӣ таъкид карданд.

Муҳаммад Шаҳбози Шариф, нахуствазири Покистон имрӯз - ҷумъа дар Исломобод мизбони Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва ҳайати эронӣ буд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, нахуствазири Покистон бо таъкид бар тааҳҳуди кишвараш барои тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, ки Теҳрону Исломобод нақши муҳиме барои сулҳи ҷаҳонӣ ва ваҳдати исломӣ ифо мекунанд.

Дар ин дидор сардор Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси миллӣ, Ториқ Фотимӣ, дастёри вижаи нахуствазир дар умури хориҷа ва ҳамчунин Ризо Амиримуқаддам, сафири Эрон дар Исломобод ҳузур доштанд.

Шаҳбози Шариф бо хушомадгӯӣ ба раиси Маҷлиси Эрон ва иблоғи саломҳои гарму эҳтироми худ ба ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ ва Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Покистону Эрон ба унвони ду кишвари бародару мусулмон, тааҳҳуди росихи худро барои сулҳи ҷаҳонӣ ва ваҳдати уммати мусулмон ба иштирок мегузоранд.

Вай бо дорои аҳамият шумурдани равобити самимонаву бародаронаи Эрону Покистон афзуд: Ҳар ду кишвар тааҳҳуди росих барои истифода аз равишҳои мусолиматомези гуфтугӯ ва дипломатия барои ҳалли ҳамаи ихтилофоти боқимонда дар саросари ҷаҳон доранд.

Шаҳбози Шариф гуфт: Эрону Покистон терроризми давлатиро маҳкум мекунанд ва ҳамвора дар пайи таҷовузи якҷониба алайҳи кишварҳои мустақили худ, аз якдигар ҳимоят кардаанд.

Нахуствазири Покистон афзуд, ки мутаасифона ҳар 2 кишвар қурбонии терроризм будаанд ва бинобарин қотеона дар азми сулҳи ҷаҳонӣ, рифоҳу ҳамкории мусбат дар минтақа саҳим ҳастанд.

Вай таъкид кард, Эрону Покистон мусаммам ба ҳамкорӣ ва инсиҷом барои ваҳдати уммати исломӣ ҳастанд.

Шаҳбози Шариф иброз дошт, ки Покистон муштоқ ба тақвияти ҳамкориҳо бо Эрон дар заминаҳои манофеи муштарак, аз ҷумла тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорат аст.

Дафтари нахуствазирии Покистон ҳамчунин эълом кард, доктор Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ низ аз нахуствазир, давлат ва мардуми Покистон ба хотири ҳимояти арзишманд ва бамавқеи худ аз Эрон дар баробари таҷовузгарии Исроил ибрози қадрдонӣ кард.

Қолибоф изҳор дошт, ки ҳимояти Покистон дар ҷанги 12 рӯзаи таҳмилии режими саҳюнистӣ амиқан мавриди қадрдонӣ ва тавваҷуҳи мардуми Эрон аст.

Вай афзуд, ки Эрону Покистон қотеона ба ваҳдати уммати Ислом ва паёми сулҳи ҷаҳонӣ эътиқод доранд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон пас аз ин дидор озими шаҳри Карочӣ ба унвони қутби иқтисодии Покистон шуд.