Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Қирғизистон
(last modified Sun, 15 Jan 2023 12:50:17 GMT )
Январ 15, 2023 17:50 Asia/Dushanbe
  • Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Қирғизистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ба ҳамтои қирғизистонии худ бар руҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва тавсеаи равобит таъкид кард.

Ба гузориши Форс, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ ба Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарони ду давлат натиҷаҳои аз ҷониби кишварҳо тӯли сӣ соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо бадастомада, ҳамчунин, таҷрибаи мусбии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро қайд карданд. Муҳиммияти ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид гардид.

Дар иртибот ба ин, ҷонибҳо аз мавқеъгирии созанда дар ҳалли тамоми масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуданд.