Таъмини барқи Сурхондарёи Узбекистон аз Тоҷикистон
(last modified Sun, 22 Jan 2023 14:28:18 GMT )
Январ 22, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Таъмини барқи Сурхондарёи Узбекистон аз Тоҷикистон

Узбекистон воридоти такмилии барқ аз Тоҷикистон барои таъмини ниёзҳои вилояти Сурхондарёро оғоз кард.

Ширкати шабакаҳои барқи минтақаии Сурхондарё эълом кард, воридоти барқ аз Тоҷикистон барои ниёзҳои вилогяти Сурхондарё  оғоз шудааст.

Бар ин асос дар ноҳияҳои Шӯрчӣ, Олтинсой, Қумқӯрғон ва Ҷарқурғон 70 дарсади энержӣ, дар ноҳияҳои Бандихон, Қизириқ ва Шеробод 90 дарсад, дар ноҳияҳои Бойсун, Сари-Осиё, Узун ва Данао 100 дарсади энержӣ аз истгоҳи фаръии «Регар - 500»-и Тоҷикистон аз тариқи хутути интиқоли 220 киловолт Л-Рагар - Зарчоп» ва «Л- Регар - Шеробод таъмин мешавад.

Дар ноҳияҳои Тирмиз ва Ҷарқурғон 30 дарсад, Музробод, Ангор ва Шеробод 10 дарсад, дар шаҳри Тирмиз 100 дарсади энержӣ, дар маҷмуъ 196 мегаватт тавассути манобеи Узбекистон таъмин мешавад.

Узбекистон аз апрели 2018 аз Тоҷикистон барқ харидорӣ мекунад, бар асоси тавофуқот, ҳаҷми воридот дар иртибот бо тақозо танзим мешавад.