Январ 24, 2023 19:07 Asia/Dushanbe
  • Рушди равобит меҳвари ройзании вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон
    Рушди равобит меҳвари ройзании вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон

Вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон дар дидор масоили марбут ба мушорикати роҳбурди ва ҳампаймонии ду кишварро барраси карданд.

Бистушашумин даври иҷлоси вазирони хориҷаи узви ЭКО имруз сешанбе дар шаҳри Тошканд пойтахти Узбакистон оғоз ба кор кард.

Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО як созмони минтақаӣ аст ва шомили кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Узабкистон Покистон, Туркия, Афғонистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ҳошияи иҷлоси шурои вазирони хориҷаи созмони ҳамкори иқтисодии ЭКО дар Тошканд бо Бахтиёр Саидов, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон дидору гуфтугу кард.

Бар асоси ин гузориш дар ин дидори ду тарафа масоили муҳими марбут ба мушорикати роҳбурди ва ҳампаймонии ду кишвари Тоҷикистон ва Узбакистонро барраси карда ва дар хусуси тамосҳои оянда дар сатҳи боло ва оли табодули назар карданд.

Ҳамчунин сарони ниҳодҳои дипломотики Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҷараёни ин дидор мавзуъи таъомули ду кившар дар чорчуби созмонҳои байналмилали ва минтақаиро низ барраси карданд.