Декабр 14, 2016 12:33 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши билети тақаллубии ҳавопаймо ба тоҷикон дар Русия

Як корманди ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар Русия, ба 260 нафар аз ҳамватанонаш, ки қасди парвоз ба Душанберо доштаанд, билетҳои тақаллубӣ фурӯхтааст.

Ба иттилои Toptj, Элмурод Тағоев, корманди Ширкати ҳавопаймоии “СомонТрейд” дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба 260 мусофири тоҷик билетҳои тақаллубӣ фурӯхтааст ва ин афрод ҳангоми парвоз ба Душанбе аз рафтан ба кишварашон бозмондаанд .

Қурбоналӣ Расулов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо тайиди ин хабар гуфт, Ширкати ҳавопаймоии “СомонТрейд” бар асоси қарордод бо ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар билет мефурӯшад, аммо Элмурод Тағоев, корманди Ширкати ҳавопаймоии “СомонТрейд” ба фурӯши билетҳои тақаллубӣ иқдом кардааст. Акнун мақомоти додситонии Русия дар ҳоли баррасии ин моҷаро ҳастанд .

Гуфта мешавад, ки Элмурод Тағоев аз ҳисоби фурӯши билетҳои тақаллубӣ маблағи 2 миллиону 200 ҳазор рубли русиро ба ҷайб задааст, ки бояд посухгуи ин аъмоли хеш бошад .

Ба далели шикояти мусофирони фиребхурдаи тоҷик алайҳи Ширкати ҳавопаймоии “СомонТрейд” ва корманди хотӣ, мақомоти ин ширкат дар ҳоли музокира бо масъулини роҳи оҳани Тоҷикистон барои интиқоли ин афрод ба кишварашон бо қатор ҳастанд .