Декабр 14, 2016 14:33 Asia/Dushanbe
  • Як тоҷик

Як донишҷӯи соли чаҳоруми тоҷик, ки дар риштаи мухобирот дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳсил мекунад, ба унвони "Донишҷӯи сол" муаррифӣ шуд .

Ба иттилои Спутник, Аминҷон Абдулраҳимов бо пирӯзӣ дар Озмуни "Донишҷӯи сол"-и шаҳри Санкт-Петербург муваффақ ба касби ҷоиза ва дарёфти маблағи таҳсилии шаҳрдории ин минтақа шуд .

Георгий Полтавченко, шаҳрдори Санкт-Петербург дар маросими муаррифии “Донишҷӯи сол” бо иҳдои ҷавоиз ба Аминҷон Абдулраҳимов таъкид кард, ин донишҷӯи тоҷик бадалели муваффақият дар иҷроӣ кардани тарҳи “Эҷоди фазои тафоҳум ва ҳамзистии мусолиматомез дар миёни намояндагони ақвом ва милали мухталиф” акнун бо дарёфти кумакҳазинаи таҳсилии шаҳрдорӣ ба таҳсили худ дар донишгоҳ идома хоҳад дод. 

Дар ин озмун, беш аз 170 донишҷӯ аз 36 донишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ширкат карданд, ки танҳо намояндаи Тоҷикистон муваффақ шуд, ба тамоми пурсишҳо посухи дуруст диҳад .

Гуфта мешавад, тарҳи ироашуда аз сӯи Аминҷон Абдулраҳимов дар заминаи  “Эҷоди фазои тафоҳум ва ҳамзистии мусолиматомез дар миёни намояндагони ақвом ва милали мухталиф”, барои сеюмин соли мутаволӣ ба унвони беҳтарин андеша муаррифӣ шудааст, ки ҳадафи он ташвиқи насли ҷавон ба ошноӣ ва дарки фарҳанг, одобу русум ва дин ва ойинҳои ақвоми мухталиф мебошад .