Қаллобии як тоҷик дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9745-Қаллобии_як_тоҷик_дар_Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷаъли асноди муҷаввизи иқомати муваққат, аз муҳоҷирини корӣ маблағситонӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 14, 2016 11:56 Asia/Dushanbe
  • Қаллобии як тоҷик дар Русия

Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷаъли асноди муҷаввизи иқомати муваққат, аз муҳоҷирини корӣ маблағситонӣ кард.

Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия аз мақомоти Тоҷикистон ва ҳамаи тоҷикон хост, то барои боздошти ин ҷавони тоҷик, ки ба фиреб ва маблағситонӣ аз чандин шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муттаҳам аст, кумак кунанд.

Раҳбари Созмони ҷавонони тоҷик дар Русия бо интишори чанд акс дар сафҳаи Фейсбуки худ гуфт, Икромиддин Муллоев, аҳли Роғун муттаҳам аст, ки ба баҳонаи ахзи муҷаввизи иқомат барои муҳоҷирони корӣ, маблағҳои зиёдеро аз шаҳрвандони кишвари худ ситонда ва ба Тоҷикистон гурехтааст .

Вай барои ёфтани ӯ аз ҳамаи афрод дархости кумак кард .