Ҳимоят аз номзадии Тоҷикистон барои узвияти ғайридоим дар Шурои амнияти СММ
-
Гуруҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аз номзадии ғайридоими Тоҷикистон дар Шурои амнияти СММ ҳимоят карданд
Гуруҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ аз номзадии Тоҷикистон барои узви ғайридоим дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят карданд.
Дар нишасти ахири гуруҳи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки дар бинои Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, аз номзадии ғайридоими Тоҷикистон дар Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳимоят шуд.
Ҷонибеки Ҳикмат, намояндаи доими Тоҷикистон дар СММ дар ҷараёни муаррифии номзадии ин кишвар хотирнишон кард: Бо мушорикати фаъоли Душанбе дар рӯйдодҳо ва равандҳои мухталиф дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин бо дар назар гирифтани таҷрибаи мунҳасир ба фарди ин кишвар, замони муаррифии номзадии он барои узвияти ғайридоим дар Шурои амнияти СММ барои давраи 2028 - 2029 фаро расидааст.
Пас аз итмоми баррасии ин дастури кор, кишварҳои узви гуруҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ ба иттифоқи оро аз номзадии Тоҷикистон барои узвияти ғайридоим дар Шурои амнияти Созмони Милал барои давраи 2028 - 2029 ҳимоят карданд.
Аз минтақаи Осиёи Марказӣ барои нахустин бор Қазоқистон ба унвони узви ғайридоими Шурои амнияти СММ барои давраи 2017 - 2018 интихоб шуда буд.
Бояд гуфт, дар сентябри соли 2021 тайи ҳафтодушашумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милал, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар қасд дорад дар иҷрои аҳдофу мақосиди Шурои амнияти Созмони Милал саҳм гузорад ва таҷрибиёти ғании худро дар заминаи муқобила бо таҳдидоту бозгардондани субот аз тариқи музокирот ба иштирок гузорад.
Шурои амният яке аз аркони СММ аст, ки вазифаи посдорӣ аз амнияту сулҳи байналмилалиро ба ӯҳда дорад ва шомили 15 узв аст, ки 5 узви он доим (Англия, Амрико, Фаронса, Русия ва Чин) ва 10 узви дигараш низ ғайридоим ҳастанд.
Аъзои ғайридоими ин шуро бар мабнои одилонаи ҷуғрофиёӣ ва барои як давраи 2 сола интихоб шуда ва аз ҳаққи «Вето» бархурдор намебошанд.
То кунун беш аз 50 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ҳаргиз узви Шурои амнияти ин созмон набудаанд.