Январ 31, 2023 15:06 Asia/Dushanbe
  • Аломатгузории марзҳо-меҳвари музокироти мақомоти Узбекистону Тоҷикистон

Гурӯҳи кории Комиссиюни муштараки аломатгузории марзҳои муштараки Узбекистону Тоҷикистон раванди танзими нақшаҳои марзбандиро баррасӣ ва дар бархе аз қисматҳои марзҳо мутолиъоти заминиро анҷом доданд .

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Тошканд, гуруҳи кории Комиссиюни муштараки аломатгузории марзҳои муштараки Узбекистону Тоҷикистон раванди танзими нақшаҳои марзбандиро баррасӣ ва дар бархе аз қисматҳои марзҳо мутолиъоти заминиро анҷом доданд .
Нишасти давраии гуруҳи кории Комиссиюни муштараки аломатгузории марзҳои муштараки Узбекистону Тоҷикистон рӯзҳои 23 ва 30 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд .
Дар ин нишаст масоили таъйини хатҳои аломатгузории марзҳои давлатии Узбекистону Тоҷикистон ва ҳамчунин раванди фаннии танзими нақшаҳои марзбандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт .
Дар чорчӯби ин гуфтугуҳо ҳамчунин мутолиъоти заминии бархе қисматҳои марзҳои давлатии Узбекистону Тоҷикистон низ анҷом шуд .
Дар поёни музокирот як протоколи марбута имзо шуд . Нишасти баъдӣ дар хоки Узбекистон баргузор хоҳад шуд .
Узбекистону Тоҷикистон аз 1326 километри марзи муштарак 1319 километри онро мушаххас карданд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп