Имшаб роҳандозии хати ҳавоӣ ҷадиди Теҳрон-Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i97674
Муъовини ҳавонавардии созмони ҳавопаймои кишвари Эрон гуфт: Имшаб хати ҳавоӣ ҷадиди байни Теҳрон ва Душанбе ифтитоҳ мешавад.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Январ 31, 2023 19:15 Asia/Dushanbe
  • Имшаб роҳандозии хати ҳавоӣ ҷадиди Теҳрон-Душанбе
    Имшаб роҳандозии хати ҳавоӣ ҷадиди Теҳрон-Душанбе

Муъовини ҳавонавардии созмони ҳавопаймои кишвари Эрон гуфт: Имшаб хати ҳавоӣ ҷадиди байни Теҳрон ва Душанбе ифтитоҳ мешавад.

Ба гузориши Ориё, Ҳасани Хушху гуфт: Хати нави байни Эрон ва Тоҷикистонро ширкати ҳавопаймои Сомон Эйри Тоҷикистон роҳандози карда аст, ки аз имшаб бо аввалин парвоз ва бо вуруд ба Теҳрон ифтитоҳ мешавад.

Вай афзуд: Пештар ширкати ҳавопаймои Вориш парвози масири Теҳрон-Душанберо анҷом медод, ки аз ин пас ин масири ҳавоӣ дар хутути Тоҷикистон низ анҷом мешавад.

Муъовини ҳавонавардии созмони ҳавопаймои кишвари афзуд: Қарор аст ҳафтаи як парвози ширкати ҳавопаймои тоҷики сурат гирад.