Декабр 15, 2016 11:12 Asia/Dushanbe
  • Иҷроӣ шудани санади миллии рушди Тоҷикистон ба ислоҳот ниёз дорад

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст, ки иҷроӣ шудани санади миллии рушди Тоҷикистон, то соли 2030 ба ислоҳоти сохтории бунёдин ва асосӣ дар ин кишвар ниёз дорад.

    Ба гузориши сойти шабакаи телевизионии “Cabar.Asia”, Парвиз Муллоҷонов бо ишора ба суханони вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бино бар ин, ки барои таҳаққуқи ин санад, то соли 2030 ин кишвар ба 118 миллиард доллар ниёз дорад, гуфтааст:

  Барои ҷазби ин маблағ, Тоҷикистон дар бахши иқтисод ва тиҷорат ба ислоҳоти асосӣ ниёз дорад. Зеро дар шароите, ки кишвар аз нигоҳи таъмини амнияти сармоягузорӣ, мизони болои фасоди молӣ ва ришвахорӣ, фароҳам насохтани заминаи рушди фаъолияти бахши хусусӣ дар минтақа, дар ҷойгоҳи номатлуб қарор дорад, ҳеҷ ниҳоде аз хориҷ ин манобеи молиро дар ихтиёри ин ҷумҳурӣ қарор нахоҳад дод. Дар ҳоле, ки барои иҷроӣ шудани ин барнома Тоҷикистон солиёна ба беш аз 9 миллиард доллар манобеи молӣ ниёз дорад, ки бо идомаи шароити феълии иқтисодӣ, гумон намеравад ин имкон фароҳам гардад. Бар асоси гузориши расмии ниҳодҳои молии байналмилалӣ, Тоҷикистон аз нигоҳи рушди тиҷорат дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи ҳамсуд дар ҷойгоҳи аз ҳама поин (132) қарор гирифта ва дар заминаи вуҷуди фасод ва ришвахорӣ низ мақоми 136 ҷаҳониро ба худ ихтисос додааст. Аз ин рӯ, ниҳодҳои молии байналмиллалӣ танҳо метавонанд барои наҷоти иқтисоди Тоҷикистон аз хатари варшикастагӣ ба ин кишвар қарз диҳанд.

   Аз сӯи дигар акнун Чин аст, ки ба Тоҷикистон қарз медиҳад ва ниме аз қарзҳои хориҷии ин кишвар мутааллиқ ба Пекин мебошад. Аммо бояд андеша кард, ки Тоҷикистон чӣ гуна метавонад ин қарзҳоро бозпардохт кунад.

   Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санади миллии рушди Тоҷикистон, то соли 2030-ро тасвиб кард, ки барои иҷроӣ шудани ин барнома ба ҷазби 118 миллиард доллар сармоя ниёз аст.