Коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ дар Хатлон
(last modified Thu, 15 Dec 2016 13:01:55 GMT )
Декабр 15, 2016 18:01 Asia/Dushanbe
  • Коҳиш ёфтани ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ дар Хатлон

Гардиши тиҷорати хориҷии коло дар вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ум беш аз 15 фоиз коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон дар ин давра гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон  бо Иттиҳоди давлатиҳои мустақил 6,1 фоиз ва бо мамлакатҳои хориҷии дур 93,9 фоизро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки дар қиёс ба  11  моҳи  соли 2015 гардиши коло  бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 28 фоиз  ва бо мамлакатҳои хориҷи дур 14 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бояд гуфт, ки дар ин давра аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар асосан нахи пахта,  шираи камол,  пилла, калобаи ресандагӣ,  семент,  нерӯи барқ ва дигар маҳсулот содирот гаштаву  аз хориҷи кишвар ба вилояти Хатлон  асосан нурии маъданӣ, бензин, сӯзишвории дизелӣ, чӯбу тахта, орд, гандум, равған, шакар, маҳсулоти тиббӣ -  доруворӣ  ва ғайраҳо ворид шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар ин давра аз вилояти Хатлон аз ҳама бештар содироти коло ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Русия сурат гирифта ва ба вилояти Хатлон аз ҳама беш аз Давлатҳои Покистону Латвия воридот анҷом шудааст. Содироти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон беш аз 12 миллион доллар,  ба Русия беш аз  8 миллион доллар ва ба Туркия камтар аз 8 миллион доллари амркоиро ташкил додааст.

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд,  содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дар соли 2017  бештар мешавад, зеро бо ба кор даромадани якчанд корхонаҳои саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва минтақаҳои  озоди иқтисодии  ноҳияҳои  Данғараю Қумсангир,  инчунин афзоиши истеҳсоли меваю сабзавот  шароити  бештаре дар ин самт муҳаё  шудааст.