Тоҷикистон барои ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихӣ ба мутахассис ниёз дорад
Тоҷикистон барои ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад.
Ин матлаб зимни баррасии иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии парлумон, Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон зимни суханронии хеш дар ин ҷаласа гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2011 «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012 — 2020»-ро тасвиб кард, ки дар ҳоли иҷро қарор дорад. Ба гуфтаи Лутфия Раҷабова, барномаи мазкур аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи аввали он аз соли 2012 то 2015 амалӣ шуда, дар ин муддат 20 ёдгории таърихию фарҳангӣ таъмиру барқарор шудааст. Марҳилаи дуюм барои солҳои 2016 — 2020 пешбинӣ шуда, ба он 23 ёдгории бузург ворид гардидааст. Хонум Раҷабова афзуд, дар умум, ин барнома 25 қалъа, 7 мақбара, 5 мадраса, 3 масҷиди таърихӣ, 3 маъбади қаблазисломиро фаро мегирад, ки аз онҳо 17 ёдгорӣ тармим, 11 ёдгорӣ барқарор, 8 ёдгорӣ нигаҳдошт, 5 ёдгорӣ қисман барқарор ва 2 ёдгорӣ тармим хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки масрафи умумии барои ин барнома пешбинишуда 67,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки беш аз 60 миллиони он аз буҷаи давлатии Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд.
Дар баробари ин Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тибқи таҳлилҳо, барои нигоҳдорӣ ва эҳёи ёдгориҳои таърихӣ Тоҷикистон ба мутахасисони ҳирфаӣ ниёз дорад. Лутфия Раҷабова афзуд, айни замон бо вуҷуди он ки дар шаҳрҳои Панҷакент, Ҳисор, Исфара ва ноҳияи Шаҳринав нозироти ҳифзи ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсис додаанд, дар аксарияти дигар маҳаллҳо чунин воҳидҳои дахлдори корӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи хонум Раҷабова, мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои ин кишвар барои омода кардани мутахасисони ҳирфаӣ дар бахши ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ иқдомоте рӯйи даст бигиранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ин манбаъ, Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир дар доираи барномаи мазкур ва берун аз он барои ҳифзу тармиму барқарорсозии даҳҳо ёдгориҳои таърихиву меъморӣ, аз ҷумла қалъаҳои куҳану осори меъмории Истаравшан, Хуҷанд, Ҳисор, осори таърихию меъмории Панҷакент, шаҳристони қадимаи Саразм, қалъаи Ҳулбук, ёдгориҳои Тахти Сангин, мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мазори Ҳазрати Султон ва чандин осорхонаву дигар ёдгориҳои меъморию таърихӣ дар ин кишвар маблағҳои зиёде ҷудо кардааст.
Гуфтанист, ки дар “Рӯйхати ёдгориҳои фарҳангии Тоҷикистон” 2020 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ, аз ҷумла 1278 ёдгории бостонӣ, 300 ёдгории меъморӣ ва 442 ёдгории таърихӣ сабти ном шудааст.