Натиҷаи сафари Раҳмон ба Шри-Ланка
Дар ҷараёни сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Шри-Ланка 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ба гузориши маркази матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ин чаҳор санад дар бахши сайёҳӣ, варзиш, ҳамкории мутақобила миёни вазоратҳои иқтисод ва ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар мебошад. Дар ин сафар мақомоти ду кишвар ҳамчунин хостори таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои муштараки тиҷории ду кишвар шудаанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз тоҷирони Шри-Ланка даъват кардааст, ки дар бахши энержӣ, кишоварзӣ ва истихроҷу коркарди сангҳои гаронбаҳо сармоягузорӣ кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар дидори тоҷирони Шри-Ланка изҳор доштааст, ки қонунҳои Тоҷикистон барои сармоягузорон замонату имтиёзҳои зиёдеро муқаррар намуда, дар Кодекси андоз барои рушди бахши хусусӣ беш аз 240 номгӯи имтиёзу сабукӣ пешбинӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидори хеш бо тоҷирони Шри-Ланка бо ишора ба узвияти кишвараш дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки тамоми қавонини дохилии Тоҷикистон бо меъёру арзишҳои ин ниҳоди байналмилалӣ мутобиқ шуда, сармоягузорони хориҷӣ роҳат метавонанд дар бахшҳои мухталифи иқтисодии ин кишвар сармоягузорӣ кунанд.
Гуфтанист, сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Шри-Ланка рӯзи 15 декабр ба поён расид ва раисҷумҳури Тоҷикистон озими кишвари Ҳинд шуд.