Сармоягузории ширкати русӣ дар Тоҷикистон
Феврал 14, 2023 15:06 Asia/Dushanbe
Ширкати “ BTK Group ” –и Русия дар корхонаи “ SpitamenTextile ”-и Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мудирони ширкати “ BTK Group ” тасмим гирифтанд ба манзури ҳимоят аз мазореъи пахтаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон ва тавсеаи ширкати “ SpitamenTextile ” дар ин корхона сармоягузорӣ кунанд .
Ин матлаб дар сафари ҳайати тиҷории вилояти Суғд ба Русия ва мулоқот бо мудирони ширкати “ BTK Group ” эълом шуд .
Ҳамчунин дар ин дидор тавваҷуҳи сармоягузорон рус ба тавонмандиҳои ноҳияи Спитамен ҷалб шуд .
Ноҳияи Спитамен яке аз навоҳии аслии кишти пахта дар Тоҷикистон аст ва бисёре аз пахтаҳои бардоштӣ аз заминҳои кишоварзии ноҳия дар ширкати “ SpitamenTextile ” коркард мешавад.