Феврал 14, 2023 20:35 Asia/Dushanbe
  • Кумаки имдодгарони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамон Маръаши Туркия
    Кумаки имдодгарони тоҷик дар шаҳри Қаҳрамон Маръаши Туркия

Имдодгарони тоҷик дар як руз 31 ҷанозаро аз зери овор дар Қаҳрамон Маръаш хориҷ карданд.

Тими имдод ва наҷоти кумитаи ҳолатҳои изтирори ва дифоъи шаҳрвандии Тоҷикистон дар як рузи гузашта зимни амалиёти ҷустуҷу ва наҷоти 18 соата 31 ҷасадро дар макази Қаҳрамон Маръаш ва аз зери овор хориҷ карданд.

Аз оғози амалиёти наҷот имдодгарони тоҷик тавонистанд 109 ҷасадро аз зери овор хориҷ кунанд.

Тими имдод дар шароити бисёр сахт бо таҷҳизоти вижа ба сурати дастаҷамъи кор мекунад, кормандони кумита бо таҷҳизоти вижа афроди зиндаро, ки дар зери битонҳо монданд пайдо карда берун меоваранд ва ҷасадҳои мурдагонро низ берун меоваранд.

Илова бар ин мутахассисони тоҷик кумакҳои авалияро медиҳанд.

Дар рузи дувум имдодгарони Тоҷикистон мувафақ шуданд 6-7 руз пас аз зилзила замоне, ки ҳама умеди худро аз даст дода буданд се бозмондаро зинда пайдо карда ва берун биваранд, ки ду нафари аз онҳо кудак ҳастанд.

Барчасп