Баргузории нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷорати “Суғд – 2023” дар шаҳри Хуҷанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i98470-Баргузории_нуҳумин_намоишгоҳи_байналмилалии_тиҷорати_Суғд_2023_дар_шаҳри_Хуҷанд
Нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷорати “Суғд – 2023” июни имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Феврал 16, 2023 14:23 Asia/Dushanbe
  • Суғд -2023
    Суғд -2023

Нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷорати “Суғд – 2023” июни имсол дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Ба гузориши Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии “Суғд – 2023” ҳимоят аз тиҷорати байналмилалӣ, афзоиши қудрати содирот, эҷоди ҳамкориҳои муфид бо кишварҳои хориҷии дуру наздик, ҷазби сармоя, муаррифии фанноварии ҷадид, густариши ҳамкориҳо байни кишварҳои минтақаву созмонҳои молии байналмилалӣ аст.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои тавлидии Тоҷикистон маҳсулоти мухталифи худро ироа мекунанд.

Қарор аст маҷмаи тиҷорату сармоягузорӣ низ дар ҳошияи нуҳумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷорати “Суғд – 2023” баргузор шавад.