Феврал 17, 2023 17:07 Asia/Dushanbe
  • Боздиди русҳо аз ширкатҳои тавлидии вилояти Суғди Тоҷикистон
    Боздиди русҳо аз ширкатҳои тавлидии вилояти Суғди Тоҷикистон

Намояндагони ширкати русии “GAZ Group” аз ширкатҳои саноатии шаҳри Бӯстони Тоҷикистон боздид карданд.

Намояндагони ширкати “GAZ Group” аз минтақаи Нижний Новгороди Русия аз ширкатҳои “Тоҷ-филиз” ва “Хуҷанд - Зил” дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд боздид карданд.

Дар боздид аз ширкати “Тоҷ-филиз” ба меҳмонон иттилоъ доданд, ки тавлиди мех ва мехи печида дар ин корхона бо истифода аз маводи аввалияи воридотӣ аз Русия, Қазоқистон ва Чин анҷом мешавад.

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон 45 корхонаи саноатӣ фаъол аст.

 

Барчасп