Поёни сафари Раҳмон ба Шри-Ланка
Декабр 15, 2016 18:40 Asia/Dushanbe
Дар сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Шри-Ланка 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ин чаҳор санад дар бахши сайёҳӣ, варзиш, ҳамкории мутақобила миёни вазоратҳои иқтисод ва ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар мебошад. Дар ин сафар мақомоти ду кишвар ҳамчунин хостори таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои муштараки тиҷории ду кишвар шудаанд.
Гуфтанист, сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Шри-Ланка рӯзи 15 декабр ба поён расид ва раисҷумҳури Тоҷикистон озими кишвари Ҳинд шуд.