Ниёзи Тоҷикистон ба мутахассисони ҳирфаӣ барои ҳифзи осори таърихӣ ва фарҳангӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i9853-Ниёзи_Тоҷикистон_ба_мутахассисони_ҳирфаӣ_барои_ҳифзи_осори_таърихӣ_ва_фарҳангӣ
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2011 Барономаи давлатии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020-ро тасвиб кард, ки дар ҳоли иҷро аст, аммо ин кишвар барои ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 16, 2016 12:41 Asia/Dushanbe

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2011 Барономаи давлатии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020-ро тасвиб кард, ки дар ҳоли иҷро аст, аммо ин кишвар барои ҳифзу тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад.

Гуфтанӣ аст, ки дар феҳристи ёдгориҳои фарҳангии Тоҷикистон 2020 номгӯ ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъморӣ, аз ҷумла 1278 асари бостонӣ, 300 ёдгории меъморӣ ва 442 асари таърихӣ сабт шудаанд.