Сохтии гулхонаҳои мудерн дар Хатлон бо кумки Бонки аврупоии рушд
Бонки аврупои бозсозӣ ва рушд, барои сохти гулхонаҳои мудерн ва боғҳои фишурда бо ҳакории кишоварзони вилояти Хатлони Тоҷикистон эъломи омодагӣ кардааст.
Ба гузориши Ховар, мавзуъи сохти гулхонаҳои мудерн ва боғҳои фишурда дар ҷараёни дидори масъулони вилояти Хатлон ва Бонки авурпои бозсозӣ ва рушд баррасӣ шуд.
Дар ин дидор таъкид шуд, ки дар ояндаи наздик Бонки аврупои бозсозӣ ва рушд иқдомоти муассир аз ҷумла эҳдоси гулхонаҳои мудерн ва боғҳои фишурдаро барои тавсиаи иқтисоди вилояти Хатлон, фаъолияти муассири тоҷирон, кишоварзон ва боғдоронро ба иҷро бигузорад.
Бар асоси ин ҳамкори, тоҷирон ва кишоварзон фурсат хоҳанд дошт то маҳсулоти кишт шудаи худро ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза кунанд.
Бештар бихонед: