Декабр 16, 2016 20:33 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти олирутбаи Ҳинд Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯдгоҳи Деҳлии Нав истиқбол карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи анҷоми сафари давлатияш дар Шри-Ланка, имрӯз, 16-уми декабр ба Ҳинд рафт.

Ба гузориши дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Деҳлии Нав Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти олимақоми ин кишвар самимона истиқбол гирифтаанд.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, дар доираи ин сафар баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Ҳиндустон, дидору суҳбатҳои вижаи Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвари дӯст, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои дорои аҳамияти байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ин шашумин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари Ҳинд аст. Боздиди охири ӯ соли 2012 сурат гирифта буд.