Боздиди намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон аз ширкати ҳавопаймоии Чехия
(last modified Wed, 22 Feb 2023 14:48:25 GMT )
Феврал 22, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Ширкати \
    Ширкати \"Сомон-Эйр\"

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Сомон - Эйр” –и Тоҷикистон аз ширкати ҳавопаймои ҷумҳурии Чехия боздид карданд.

Намояндагони ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон аз ширкати “LET Aircraft Industries”-и ҷумҳурии Чехия боздид карданд.

Ҳадаф аз ин сафар, ошноӣ бо раванди тавлиди ҳавопаймои L410 NG ва баррасии масоили марбут ба омӯзиши мутахассисони фаннӣ ва парвозии ин ширкати ҳавопаймоӣ аст.

Намояндагони ширкати “Сомон - Эйр” ҳамчунин бо намояндагони ширкатҳои содиротии “Czech Export Agency” ва ширкати “Export Guarantee & Insurance” дар хусуси таъмини молии хариди эҳтимолии ҳавопаймо дидору гуфтугӯ карданд.