Феврал 23, 2023 20:01 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон бар истифода аз заминаҳои ҳамкории муштарак

Мақоми иқтисодии Тоҷикистон гуфт : Тамомии заминаҳо барои ҳамкории муштараки иқтисодии тарафҳои эрониву тоҷик фароҳам аст .

Як мақоми иқтисодии тоҷик гуфт : Бо густариш беш аз пеши равобити ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистону Эрони тамомии заминаҳо барои фаъолияти сармоягузорони эронӣ дар Тоҷикистон ва ҳамкории муштараки иқтисодии тарафҳо фароҳам аст .
Ғайрат Қобилзода, муовини раиси Палатаи тиҷорату саноъати вилояти Суғди Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Садои Хуросон таъкид кард: Қарор аст ҳайати иқтисодии Тоҷикистон зарфи рӯзҳои оянда дар Намоишгоҳи байналмиллалии саноъати санг дар шаҳри Шерози Ҷумҳурии исломии Эрон ширкат карда ва дидору гуфтугӯҳое бо фаъолони бахшҳои давлатӣ ва хусусии эронӣ дар ҷиҳати рушди устувори равобити дуҷониба дошта бошанд . Ҳамчунин боздид аз бархе корхонаҳову марокизи тавлидӣ низ таи ин сафар дар назар аст .
Қобилзода ҳамчунин гуфт: Кишвари Тоҷикистон, ки 93 дар сади хоки онро кӯҳистон ташкил медиҳад аз конҳои гуногуне бархурдор аст, ки баҳрабардорӣ аз ин манобеи табиъиӣ ниёз ба ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дорад ва дар ин росто мо аз дӯстони эронӣ даъват ба ҳамкорӣ мекунем .Ба гуфтаи муовини раиси Палатаи тиҷорату саноъати вилояти Суғди Тоҷикистон дар бахшҳои дигар аз ҷумла кишоварзӣ, гардишгарӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва ғайра низ метавонем ҳамкории сӯдманде бо фаъолони иқтисодии Эрон дошта бошем .

Дар ҳамин ҳол доктор Муҳсини Наҳовандӣ, мудири ширкати Намоишгоҳҳои устони Форс ( дар ҷануби Эрон ) низ бо истиқбол аз ҳузури ҳайати иқтисодии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии Шероз таъкид кард: Қарор аст дар соли ояндаи 1402 намоишгоҳи тавонмандиҳои иқтисодии Форс дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон доир шавад .
Ин мақоми иқтисодии эронӣ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо радиои тоҷикии Садои Хуросон афзуд: Заминаҳои муносибе барои густариши рӯзафзӯни равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ҳар ду кишвар метавонанд ба беҳтарини шароити мумкин аз онҳо истифода кунанд .
Доктор Муҳсини Наҳовандӣ мавориди воқеъии иқтисодӣ дар равобити ду кишвари ҳамкешу ҳамзабонро вобаста ба ироаи имконоти транзитӣ,судӯри хадамоти муҳандисӣ ва фанноварии Эрон ба Тоҷикистон ва судури пахта ва алюминийи Тоҷикистон ба Эрон эълом кард .

 

Барчасп